Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар, ки имрӯз доир мегардад, баррасии воридоти тағийроту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба буҷети давлатии соли 2001 дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, намояндагони мардумӣ ҳамчунин имкони воридоти тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи аслиҳа», «Дар бораи фаъолияти гидрометереологӣ», «Дар бораи дигар ӯҳдадориҳои ҳатмии пардохтҳо ба буҷет» ва Кодекс дар бораи истеҳсолоти иқтисодии судиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
«Ба рӯзномаи иҷлосия ҳамчунин муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳои нав «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи аудити экологӣ» ва «Дар бораи ташхиси экологӣ» низ дохил шудааст», – гуфт манбаъ.


