Дар ҷануби Қазоқистон як гурӯҳи террористон кушта шуданд

Date:


Дар минтақаи ҷануби Қазоқистон зимни як амалиёти махсус гурӯҳи террористон кушта шуданд. Ду нафар корманди гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов, дар шаҳраки Боралдаи ноҳияи Илиёи вилояти Алмаато рӯзи 3-юми декабр тахминан соатҳои 19.30 дақиқа ҳангоми боздошти шахсони гумонбар ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Ҷинояткорон дар як манзили шаҳрак ба муҳосира гирифта шудаанд.

«Дар ҷараёни амалиёти махсус ду нафар кормандони хадамоти «Аристон»-и Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон маҷрӯҳ шуда ба ҳалокат расиданд», – гуфтааст прокурор.

«Пас аз рад сохтани пешниҳоди ба ихтиёри худ таслим шудан ва муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд панҷ нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, аз ҷумла роҳбари онҳо низ кушта шуданд», – хабар додааст Суиндиқов.

Макони ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҳота гирифта шуда, сокинони манзилҳои наздики ҷойи ҳодиса ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда буданд. Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. «Миёни аҳолии осоишта талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳон ба қайд гирифта нашудаанд. Амалиёти махсус соати 23:45 дақиқа ба анҷом расид», – афзудааст Суиндиқов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...