Дар ҷануби Қазоқистон як гурӯҳи террористон кушта шуданд

Дар минтақаи ҷануби Қазоқистон зимни як амалиёти махсус гурӯҳи террористон кушта шуданд. Ду нафар корманди гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов, дар шаҳраки Боралдаи ноҳияи Илиёи вилояти Алмаато рӯзи 3-юми декабр тахминан соатҳои 19.30 дақиқа […]


Дар минтақаи ҷануби Қазоқистон зимни як амалиёти махсус гурӯҳи террористон кушта шуданд. Ду нафар корманди гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов, дар шаҳраки Боралдаи ноҳияи Илиёи вилояти Алмаато рӯзи 3-юми декабр тахминан соатҳои 19.30 дақиқа ҳангоми боздошти шахсони гумонбар ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Ҷинояткорон дар як манзили шаҳрак ба муҳосира гирифта шудаанд.

«Дар ҷараёни амалиёти махсус ду нафар кормандони хадамоти «Аристон»-и Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон маҷрӯҳ шуда ба ҳалокат расиданд», – гуфтааст прокурор.

«Пас аз рад сохтани пешниҳоди ба ихтиёри худ таслим шудан ва муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд панҷ нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, аз ҷумла роҳбари онҳо низ кушта шуданд», – хабар додааст Суиндиқов.

Макони ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҳота гирифта шуда, сокинони манзилҳои наздики ҷойи ҳодиса ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда буданд. Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. «Миёни аҳолии осоишта талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳон ба қайд гирифта нашудаанд. Амалиёти махсус соати 23:45 дақиқа ба анҷом расид», – афзудааст Суиндиқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.