Бинобар тумани ғализ фаъолияти фурудгоҳи Душанбе қатъ гардид

Ҳафтаи навбатии корӣ барои сокинони Душанбе бо боришоти барфи зиёд ва тумани ғализ оғоз гардид. Обуҳавошиносон мегӯянд, шурӯъ аз рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе ҳаво софу гарм мешавад, вале он ҳам то ахири ҳафта идома хоҳад ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Парвина Саидҷамолова хабар дод, имрӯз ҳарорати ҳаво дар Душанбе то […]

Заррина Эргашева/Акмал Маннонов


Ҳафтаи навбатии корӣ барои сокинони Душанбе бо боришоти барфи зиёд ва тумани ғализ оғоз гардид. Обуҳавошиносон мегӯянд, шурӯъ аз рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе ҳаво софу гарм мешавад, вале он ҳам то ахири ҳафта идома хоҳад ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Парвина Саидҷамолова хабар дод, имрӯз ҳарорати ҳаво дар Душанбе то сифр поин омада, пагоҳ боз як дараҷа поинтар мешавад.

Ғайр аз ин, фазои пойтахтро тумани ғализ фаро гирифтааст. Маҳз бо ҳамин сабаб субҳи имрӯз фаъолияти «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» қатъ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти фурудгоҳи мазкур хабар доданд, нимаи аввали рӯз бинобар аёниву возеҳии хеле бад парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Хуҷанд боздошта шуданд, вале то нисфирӯзӣ ин ҳавопаймоҳо парвоз кардаанд.

Бинобар тумани ғализ дар фазои шаҳр фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои хатсайри Сургут-Душанбе, Санкт-Петербург-Душанбе ва Новосибирск-Душанберо қабул карда натавонист. Онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фуруд омаданд. «Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз хоҳанд кард», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Саидҷамолова, соф шудани обуҳаво танҳо пагоҳ пешбинӣ мешавад. Сар аз рӯзи чоршанбе дар пойтахт обуҳавои софу гарм барқарор шуда, он то ахири ҳафта идома меёбад.

Дар маҷмӯъ то 11-уми декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар кӯҳҳо боришоти барф ва туман пешбинӣ мешавад. Дар давоми ҳафта ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо то 10-15 дараҷа ва дар шарқи ВМК то 18-23 дараҷа поин меравад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.