Чорабиниҳои сафорати ИМА бахшида ба Рӯзи мубориза бо СПИД

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ бо гузаронидани чорабиниҳову барномаҳои гуногун дар саросари Тоҷикистон, ки ба огоҳонидани мардум аз хатари ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) бахшида шудаанд, Рӯзи байналмилалии мубориза бо АПНМ ё худ СПИД-ро таҷлил намуд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабиниҳо дар марказҳои тиббӣ, маъракаҳои огоҳсозии мардум, консерту суханрониҳо дар […]


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ бо гузаронидани чорабиниҳову барномаҳои гуногун дар саросари Тоҷикистон, ки ба огоҳонидани мардум аз хатари ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) бахшида шудаанд, Рӯзи байналмилалии мубориза бо АПНМ ё худ СПИД-ро таҷлил намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабиниҳо дар марказҳои тиббӣ, маъракаҳои огоҳсозии мардум, консерту суханрониҳо дар бораи  АПНМ (СПИД) ва озмуни байналхалқӣ оиди плакати беҳтарин дар ин мавзӯъ – ин ҳама барои мубориза бурдан алайҳи паҳншавии ин вируси марговар мусоидат намуданд.

Рӯзи ҷумъаи 2 декабри соли ҷорӣ Сафири  Иёлоти Муттаҳида ҷаноби Кен Гросс фаъолон ва пешвоёни СҒҲ-ро, ки гирифтори Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҳастанд, барои вохӯрӣ ба қароргоҳи худ таклиф намуд. Дар ин вохӯрӣ сӯҳбат дар атрофи масъалаи паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон ва таъсири он ба ҳаёти мубталоёни ин беморӣ рафт.

Шуъбаи Мубориза бо маводи мухаддир ва мусоидат ба мақомоти қудратии Сафорати ИМА (INL) дар якҷоягӣ бо Маркази тадқиқоти журналистӣ (МТЖ) ва Радиои «Ватан» рӯзи шанбеи 3 декабр дар кохи Филармонияи Миллӣ дар Душанбе як консертеро ба хотири мубориза алайҳи маводи мухаддир таҳти унвони «Мубориза барои ҳаёт» ташкил намуд. Консерт ба ҳаёти сароянда ва оҳангсози машҳур шодравон Субҳони Саид бахшида шуда буд. Зиндагии фоҷеъабори ин сароянда, ки тавониста буд аз банди нашъамандӣ раҳо ёбад, барои ҷавонон як дарси ибратест оиди даҳшатҳое, ки нашъамандӣ метавонад ба бор орад.

Оҷонсии ИМА оид барушди байналхалқӣ (USAID) чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо АПНМ (СПИД)-ро дар Маркази тиббии №10 ш. Душанбе, Маркази тибии ноҳияи Ваҳдат ва маъракаҳои огоҳонии мардумро дар шаҳрҳои Кӯлобу Хӯҷанду Қӯрғонтеппа сарпарастӣ намуд. Дар рафти ин чорабиниҳо табибон ва намояндагони марказҳои шаҳрии АПНМ (СПИД) оиди ин мараз ва ҳачунин касалии сил ва бемориҳои бо роҳи таносул гузаранда маълумот паҳн карданду ба одамон маслиҳатҳо доданд. Инчунин, онҳо мардумро оиди ВНМО ройгон ташхис намуданду ба онҳо расиди ташхиси ройгон аз ин бемориро тақсим карданд. USAID ҳамчунин мизи мудаввареро оиди ВНМО ва бемории сил бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ки рӯзи 1 декабр дар бинои Иттифоқи Нависандагон баргузор гардид, сарпарастӣ намуд.

Сафири ИМА Кен Гросс ҳамчунин як конфронси байналмилалиро оиди назорати ВНМО (ВИЧ) дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки бо кӯмаки Ҳукумати ИМА дар якҷоягӣ бо «Фонди глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва табларза» ва шарикони дигар баргузор гашт. Ин конфронси илмии минтақавӣ оиди ВНМО, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ сурат гирифта буд, рӯзи 5-6 декабр дар Кохи Ваҳдати ш. Душанбе баргузор гашт.

Дар расми ифтитоҳи конфронс ҷаноби сафир қайд намуд, ки «Дар Тоҷикистон имконияти нодири гирифтани пеши роҳи ВНМО (ВИЧ) вуҷуд дорад, қабл аз он, ки ин беморӣ ба як мушкилии саросарӣ табдил ёбад. Барои ин ба мо зарур аст, ки ташхису пешгирии бемориро васеъ ба роҳ монем ва онҳоеро, ки мубталои ВРМО гардидаанд, табобат намоем».

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон 1 декабр як озмуне барои плакати беҳтарин эълон намуд, ки аз ҷониби Нақшаи Президент роҷеъ ба ёрии таъҷилӣ оиди АПНМ (СПИД) сарпарастӣ шудааст. Озмуни имсола таҳти шиори «Зери парчами илм барои амал крадан муттаҳид мешавем» хоҳад гузашт. Кӯдакону ҷавонони аз 5 то 20 сола метавонанд, ки то 3 феврал плакатҳои худро дар мавзӯъи ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) ба яке аз «Гӯшаҳои Амрико» супоранд. Плакатҳои дарТоҷикистон  ғолибомада сипас дар даври ниҳоии байналмилалӣ иштирок намуда, имкон пайдо мекунанд, ки лавозимоти рассомӣ бурд кунанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсози Барномаи глобалии ИМА оид ба АПНМ (СПИД) ҷаноби Сафир Эрик Гусбай, қадрдонӣ гарданд.

Аз соли 1988 инҷониб бо мақсади огоҳонидани мардум аз хатарҳои ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) ҳамасола 1 декабр ҳамчун Рӯзи Умумҷаҳонии Мубориза бо АПНМ таҷлил мегардад. Сафорати ИМА чорабиниҳои зиёдеро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум оиди ВНМО, беҳтар сохтани шароити зиндагии мубталоёни ин беморӣ, паст кардани сатҳи стигма ва поймолкунии ҳуқуқи онҳое, ки дучори хатари сироятшавии ВНМО\АПНМ гаштаанд, ҳамчунин ба беҳтар намудани муносибати байни табибону созмонҳои ҷамъиятии бо ВНМО сарукоргиранда ва мубталоёни ВНМО равона гаштаанд. Дар тӯли 10 соли охир Сафорати ИМА барои пеш гирифтани паҳншавии ВНМО дар Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мубталоёни ВНМО кӯшиш ба харҷ додаст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.