Раҳматилло Зойиров: Ҳизби мо умумиллист

Бо тағйири номи ҳизб аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Ҳизби умумилии состиал-демократии Тоҷикистон мо таъкид карданием, ки ҳизби маҳаллӣ ё минтақавӣ набуда, ҳизби умумиллием, – изҳор кард имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси ҳизби мазкур Раҳматилло Зойиров. «Мо ҳайати роҳбариро бидуни назардошти эътиқоди динӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамаи миллатҳо интихоб менамоем», – гуфт вай. […]


Бо тағйири номи ҳизб аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Ҳизби умумилии состиал-демократии Тоҷикистон мо таъкид карданием, ки ҳизби маҳаллӣ ё минтақавӣ набуда, ҳизби умумиллием, – изҳор кард имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси ҳизби мазкур Раҳматилло Зойиров.

«Мо ҳайати роҳбариро бидуни назардошти эътиқоди динӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамаи миллатҳо интихоб менамоем», – гуфт вай.

Зойиров ба ин назар аст, феълан ҳизби онҳо маҳз бо ҳамин сифатҳо аз дигар аҳзоби сиёсии кишвар фарқ мекунад.

«Масалан, имрӯз мо дар мақомоти раҳбарии ҳизбҳои дигар қариб намояндагони миллатҳои дигарро намебинем, – мегӯяд ӯ. – Дар ҳизби мо дар қатори тоҷикон ӯзбекон, русҳо, украиниҳо низ фаъолият доранд».

Ба қавли Зойиров, пас аз дубора бақайдгузории оинномаи ҳизб дар таҳрири нав дар Вазорати адлия, ҳизб бо номи нав ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Пешвои ҲСДТ таъкид кард, ки рӯзи 4-уми декабр дар анҷумани ҳизб ҳамчунин дигар тағйироту иловаҳо ба Оиннома қабул шуданд, ки пас аз як ҳафта ба Вазорати адлия пешниҳод мегарданд.

Р.Зойиров афзуд, айни замон шумори аъзои ҲСДТ 7 ҳазору 712 нафарро ташкил медиҳад, ки 43%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.