БҶ ба Тоҷикистон 60 млн. $ ҷудо мекунад

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунарсаи ду ҷониб баррасӣ шуд.  Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию […]


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунарсаи ду ҷониб баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва баҳогузории иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос намуд.

Зикр гардид, ки дар зарфи 15 соли ҳамкорӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 миллион доллари амрикоӣ кўмак расондааст. Дар ҳоли ҳозир 16 лоиҳа бо маблағи умумии 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд. Тибқи иттилои Теодор Алерс, соли оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии рушди Тоҷикистон 60 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2011 22 миллион зиёд мебошад.

Теодор Алерс аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, ки аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ сурат мегирад, гузориш дода, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, то ки судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин нерўгоҳ барои оянда таъмин гардад.

Теодор Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии нерўи барқ дар фасли зимистон, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани ин ва дигар имконоти ин кишвар ба он кўмак мерасонад.

 Гуфтугў, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.