БҶ ба Тоҷикистон дар таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ кӯмак мекунад

Ахири ҳафтаи гузашта дар маросими муаррифии оғози Лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ҷараёни ислоҳоти ҷории низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва механизми такмилёфтаи кӯмаки иҷтимоии суроғавӣ баррасӣ шуд. Лоиҳа дар ҳаҷми умумии 3.2 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Тавре зикр гардид, ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи мазкур тавассути таҳияи рӯйхати миллии ёрии […]


Ахири ҳафтаи гузашта дар маросими муаррифии оғози Лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ҷараёни ислоҳоти ҷории низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва механизми такмилёфтаи кӯмаки иҷтимоии суроғавӣ баррасӣ шуд. Лоиҳа дар ҳаҷми умумии 3.2 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад.

Тавре зикр гардид, ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи мазкур тавассути таҳияи рӯйхати миллии ёрии иҷтимоӣ, баргузор намудани омӯзиш, таъминот бо таҷҳизот ноил гардидан ба такмили имконоти ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарҳрезӣ, баргузор кардани мониторинг ва идоракунии ҷараёни расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ аст.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив гуфт, бӯҳрони ду сол қабл, ки ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ ва даромади аҳолӣ боис гардид, муҳим будани расонидани кӯмаки саривақтии иҷтимоӣ ба аҳолиро нишон дод. «Бо назардошти ин, ташаббуси мазкур ба таҳкими имконоти сорхторҳои ҳукуматӣ дар қаноатманд сохтани эҳтиёҷоти қишри камбизоати аҳолӣ тавассути методҳои бештар пурсамар ва ҳадафманд мусоидат мекунад», – гуфт вай.

Дар навбати худ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов дар робита ба ҷараёни ислоҳот дар бахши ҳифи иҷтимоӣ изҳор кард, ки дар муқоиса бо 10 соли ахир бахши иҷтимоии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, вале то ҳол корҳои зиёде дар пешанд.

«Айни замон муттаҳидсозии кӯшишҳои созмонҳои мададрасон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати таъмини расонидани кӯмаки иҷтимоӣ намунаи хуби пешравиҳо дар бахши иҷтимоӣ аст, ки дар оянда натиҷаҳои мусбат хоҳанд дод, – мӯътақид аст Маҳмадаминов. – Лоиҳаи мазкур дар ҳамроҳӣ бо бурси Фонди трастии вокуниши фаврии иҷтимоӣ ба маблағи 2 млн. доллари ИМА ба мисоли хуби амалисозии лоиҳаи кӯмаки иҷтимоии суроғавӣ, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар ноҳияҳои Ёвону Истаравшан амалӣ гардид, асос хоҳад ёфт».

Дар ҳамин ҳол, Мик Овидиу, роҳбари шӯъбаи лоиҳаҳои ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, Комиссияи Аврупо рӯйи як қатор лоиҳаҳо дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди инсонӣ дар кишвар кор бурда истодааст. Созишномаҳои молиявии чанде қабл баимзорасида бо ҳукумати ҶТ ба маблағи 7,5 млн. Евро барои расонидани кӯмаки техникӣ дар соҳаи хизматгузориҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 18 млн. Евро барои дастгирии хароҷоти нафақавии буҷет ва ҳамчунин бурсҳои хурд ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар чаҳорчӯби мониторинги ислоҳоти сиёсати бахши иҷтимоӣ аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошанд.

Аз амалисозии ин лоиҳа ҳудуди 15%-и аҳолии Тоҷикистон манфиат хоҳанд бардошт, ки тақрибан 1 млн. нафар аз сокинони ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.