Машварати кории назди президент оид ба ҷараёни корҳо дар нерӯгоҳи «Роғун»

Date:


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди Президенти кишвар,  ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин иншоот бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат кунад.

Таъкид гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад.

Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...