Дар Душанбе арчаи солинавии 21-метра қомат меафрозад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар майдони асосии шаҳри Душанбе – «Дӯстӣ» арчаи солинавии 21-метра қомат меафрозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 31-уми декабр дар ҳамин майдон барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик ва соати 21:25 муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар майдони асосии шаҳри Душанбе – «Дӯстӣ» арчаи солинавии 21-метра қомат меафрозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 31-уми декабр дар ҳамин майдон барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик ва соати 21:25 муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона баргузор мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои 30-31-уми декабр дар боғҳои истироҳату фароғати ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни идона доир мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.