Дар парлумон ҷараёни тафтишоти парвандаи қатли Б.Расулов баррасӣ мешавад

Date:


Рӯзи ҷумъаи оянда, 16-уми декабр, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум тағйироту иловаҳо ба Кодексҳои андозу гумрук баррасӣ мешаванд.

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ доир гардид, ки дар он дар баробари тағйироту илова ба кодексҳои зикршуда, ҳамчунин оиҳаи тағийроту иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2011», «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва ҷамоат» низ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи раиси Кумиати қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов дар бораи сафараш ба шаҳри Санкт-Петрбурги Русия низ шунида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки Маҳмадалӣ Ватанов бо супориши раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати аз наздик ошно гардидан бо ҷараёни тафтишоти қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ба шаҳри Санкт-Петербург сафарбар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи ноябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуда буд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. «Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», – иброз дошта буд вай.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...