Суғд: Садамаи нақлиёт ҷони се нафарро рабуд

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, дар километри 224-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, се нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи навъи «Опел-Вектра» сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Х.Н. суръати ҳаракати мошинро зиёд намуда, аз […]

Аваз Юлдошев


Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, дар километри 224-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи навъи «Опел-Вектра» сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Х.Н. суръати ҳаракати мошинро зиёд намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд. «Дар натиҷа автомашина ба самти муқобили ҳаракати роҳ  баромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, аз зарбаи автомашина ба дарахт ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафар мусофирони автомашина – сокинони шаҳри Истаравшан Х.Р.-22-сола ва Ф.У.-и 21-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.