Ҳукми Рустам Ҳукумов бознигарӣ мешавад?

Date:


Президиуми суди вилояти Маскав қонунӣ будани ҳукми гунаҳкории Рустам Ҳукумов, писари раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумовро бори дигар баррасӣ мекунад.

«Дар Суди олии Русия оид ба парвандаи Ҳукумов истеҳсолоти назоратӣ ҷорӣ карда, шикояти адвокат аз болои ҳукмро ба баррасии президиуми суди вилояти Маскав супурданд, – хабар додаанд ба Life News аз хадамоти матюуоти Суди олӣ.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми сентяри соли 2010 суди ноҳияи Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба 9,5 соли зиндон дар муассисаи ислоҳотӣ маҳкум намуд. Моҳи июни соли 2008 кормандони фаврии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия Ҳукумовро бо се сафари дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддири героин боздошт карданд. Ҷониби ҳимояи Ҳукумов аз болои ҳукми суди ноҳияи Шелково ба суди вилояти Маскав шикоят бурд, лекин он қонеъ гардонида нашуд.

Номи Рустам Ҳакимов тирамоҳи соли равон ҳангоми аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкум гардидани халабонони русу эстон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба 8,5 соли зиндон боз вирди забонҳо шуд. Аз ҷумла зикр гардида буд, ки тавассути ин амалкард Душанбе кӯшиши ба Маскав фишор оварданро пеш гирифтаааст, то ки Ҳукумовро озод намоянд. Русия бознигарии ҳукми халабононро талаб кард ва баъди чанде халабонон бо назардошти қонуни афв ва мӯҳлати аллакай дар боздоштгоҳ паси сар намудаашон озод карда шуданд.

Рустам Ҳукумов шаҳрванди Русия мебошад, – иттилоъ медиҳад Агентии тафтишоти федералӣ. Моҳи июни соли 2008 Р.Ҳукумов ва се нафар ҳаммаслаконашро бо 9 кило героини афғонӣ дар вилояти Маскав боздошт намуданд. Тафтишот муддати 2 сол идома ёфта, ӯро ҳамчун созмондеҳ ба муддати 9 соли зиндон маҳкум карданд. Тавре суд муайян карда буд, Ҳукумов аз шахси номаълум героинро гирифтааст. Маводи мухаддир ба Русия тавассути роҳи оҳан интиқол дода шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...