БҶ ба татбиқи лоиҳаи дуюми беҳбуди низоми обтаъминкунии Душанбе шурӯъ кард

Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи дуюми беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе шурӯъ кард. Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» кӯмаки техникӣ расонида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳа бо арзиши умумии 29 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи дуюми беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе шурӯъ кард. Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» кӯмаки техникӣ расонида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳа бо арзиши умумии 29 млн. доллари ИМА аз ҳисоби бурси Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 16 млн. ва сармоягузории муштараки мақомоти шаҳрдории Душанбе ба миқдори 3 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешавад. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе насби беш аз 75 ҳазор таҷҳизоти қубурҳои обрасон (водоровод), сохтмони пойгоҳҳои обкашии нав, ду ҳавзи захираи оби тоза, поксозии шабакаҳои обрасон ва ҳамчунин иҷрои корҳои дигар пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи аввали обтаъминкунии пойтахт аз соли 2002 то соли 2011 амалӣ гардид. Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, бо амалисозии лоиҳаи якум натиҷаҳои мусбат ва назаррас ба даст оварда шуданд.

«Анҷоми лоиҳаи якум нуқтаи оғози амалисозии лоиҳаи дуюм аст, зеро чанде аз масоил то ҳанӯз ҳалли минбаъдаи худро талаб мекунанд. Бо назардошти машваратҳои доиргардида, ҳамоҳангсозӣ ва баррасии ҷиҳатҳои хоси лоиҳаи дуюм бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, мо комилан боварӣ дорем, ки ҳадафҳои мувофиқашуда ба ҳалли мушкилоти қаблан ҳалнашуда мусоидат хоҳанд кард», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.