Ҳукми Рустам Ҳукумов бознигарӣ мешавад?

Президиуми суди вилояти Маскав қонунӣ будани ҳукми гунаҳкории Рустам Ҳукумов, писари раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумовро бори дигар баррасӣ мекунад. «Дар Суди олии Русия оид ба парвандаи Ҳукумов истеҳсолоти назоратӣ ҷорӣ карда, шикояти адвокат аз болои ҳукмро ба баррасии президиуми суди вилояти Маскав супурданд, – хабар додаанд ба Life News аз […]

Аз рӯйи маводи Интернет


Президиуми суди вилояти Маскав қонунӣ будани ҳукми гунаҳкории Рустам Ҳукумов, писари раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумовро бори дигар баррасӣ мекунад.

«Дар Суди олии Русия оид ба парвандаи Ҳукумов истеҳсолоти назоратӣ ҷорӣ карда, шикояти адвокат аз болои ҳукмро ба баррасии президиуми суди вилояти Маскав супурданд, – хабар додаанд ба Life News аз хадамоти матюуоти Суди олӣ.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми сентяри соли 2010 суди ноҳияи Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба 9,5 соли зиндон дар муассисаи ислоҳотӣ маҳкум намуд. Моҳи июни соли 2008 кормандони фаврии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия Ҳукумовро бо се сафари дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддири героин боздошт карданд. Ҷониби ҳимояи Ҳукумов аз болои ҳукми суди ноҳияи Шелково ба суди вилояти Маскав шикоят бурд, лекин он қонеъ гардонида нашуд.

Номи Рустам Ҳакимов тирамоҳи соли равон ҳангоми аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкум гардидани халабонони русу эстон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба 8,5 соли зиндон боз вирди забонҳо шуд. Аз ҷумла зикр гардида буд, ки тавассути ин амалкард Душанбе кӯшиши ба Маскав фишор оварданро пеш гирифтаааст, то ки Ҳукумовро озод намоянд. Русия бознигарии ҳукми халабононро талаб кард ва баъди чанде халабонон бо назардошти қонуни афв ва мӯҳлати аллакай дар боздоштгоҳ паси сар намудаашон озод карда шуданд.

Рустам Ҳукумов шаҳрванди Русия мебошад, – иттилоъ медиҳад Агентии тафтишоти федералӣ. Моҳи июни соли 2008 Р.Ҳукумов ва се нафар ҳаммаслаконашро бо 9 кило героини афғонӣ дар вилояти Маскав боздошт намуданд. Тафтишот муддати 2 сол идома ёфта, ӯро ҳамчун созмондеҳ ба муддати 9 соли зиндон маҳкум карданд. Тавре суд муайян карда буд, Ҳукумов аз шахси номаълум героинро гирифтааст. Маводи мухаддир ба Русия тавассути роҳи оҳан интиқол дода шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.