Тревор Мур бо Маҳмадсаид Убайдуллоев хайрухуш кард

spot_imgspot_img

Дата:


Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои дипломатӣ дар кишвари мо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Тревор Мурро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни мушкилоти муҳоҷирати корӣ дар саросари ҷаҳон, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон дар аксари кишварҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

«Дипломати британӣ ба М.Убайдуллоев изҳор кард, ки баҳри иҷрои дархости ӯ, ки соли гузашта ҳангоми сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Лондон пешниҳод кардааст, ҳукумати Британияи Кабир ният дорад, аввали соли 2012 лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, М.Убайдуллоев барои саҳм гузоштан дар рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир ба Тревор Мур изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...