Аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, интихобот дар ҳамаи 49 комиссияҳои участкавии интихоботӣ, ки 38-тоаш дар ноҳияи Шоҳмансур ва 11-тоаш дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт воқеанд, доир гардид.
«Дар интихобот 88%-и интихобкунандагон иштирок карда, ба ҷонибдории С.Шарифов 78,82% раъй доданд. Рақибони ӯ раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ба 5,97, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ғайриҳизбӣ Абдуқаҳҳор Турсунов ба 5,68, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ба 6,11%-и раъйи интихобкунандагон соҳиб шуданд», – гуфт раиси комиссияи ҳавзавӣ.
Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.



