Ярмаркаи ҷойҳои холии кории Хадамоти муҳоҷират

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки субъектҳои хоҷагидор дар бинои «Корхонаи воҳиди давлати Биржаи меҳнатии ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли 2011 барои муҳоҷирони меҳнатии аз давлатҳои хориҷа берун кардашуда ва шахсони корҷуй ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Тавре аз маркази […]

ASIA-Plus


Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки субъектҳои хоҷагидор дар бинои «Корхонаи воҳиди давлати Биржаи меҳнатии ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли 2011 барои муҳоҷирони меҳнатии аз давлатҳои хориҷа берун кардашуда ва шахсони корҷуй ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.

Тавре аз маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки дорои иҷозатнома (литсензия)-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар мебошанд, зиёда аз 1600 ҷойҳои холи корӣ ва вазифаҳои озод дар хориҷи кишвар бо ихтисосҳои сохтмончӣ, ронанда, коргар дар хоҷагии фермерӣ, фурӯшанда, хизматчӣ дар меҳмонхона ва ғайра бо маоши аз 300 то 1500 доллари ИМА пешниҳод гардид.

 Ба иттилои манбаъ, аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки дорои иҷозатномаи (литсензия)-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби қувваи кори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд, зиёда аз 840 ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид.

Дар ярмаркаи мазкур 24 субъектҳои хоҷагидор корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Ба муҳоҷирони меҳнатии аз давлатҳои хориҷа берункардашуда ва шахсони корҷӯй зиёда аз 860 роҳхат барои бо кор таъмин намудан дар қаламрави ҷумҳурӣ ва давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Арабистони Саудӣ дода шуд.

Аз 55 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Россия берун гардиданд, 25 нафарашон бо кор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 30 нафарашон дар қаламрави кишвар таъмин гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.