Сабти беш аз 15 ҳазор нафар гирифторони бемории зуком

Date:


Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон дар Тоҷикистон 15 ҳазору 749 нафар гирифторони бемории зуком ё худ грипп ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 нафар зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  сардори Раёсати давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, дар ҳамин ҳол, соли равон танҳо як навъи зуком – НЗ ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта се навъи ин ангезанда – H1N1, H3 ва В сабт гардида буд.

«Соли 2010 ҷиҳати пешгирии зукоми навъи H1N1 маъракаи эмгузаронӣ доир гардида буд ва аз ин рӯ, айни замон ҷисми мардум ба навъҳои гуногуни зуком метавонад тобовар бошад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҷаъфаров илова намуд, ки афзоиши ҳодисаҳои сироят ба гепатити вирусии А ё зардпарвин (бемории Боткин), ки бештар тавассути маҳсулоти ғизойӣ ё об ба каси дигар мегузарад, дар ҳоли коҳишёбӣ аст. «Ҳарорати пасти ҳаво ба афзоиши ангезандаҳо имкон намедиҳад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сатҳи афзоиш қатъ гардида, моҳҳои март ё нимаи апрели соли оянда шумори гирифторони ин ангезанда ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз 9 ҳазору 385 ҳодисаи сабтшудаи гирифторӣ ба бемориҳои гепатит дар Тоҷикистон, 8 ҳазору 955 нафарашонро маҳз мубталоёни бемории гепатити А ташкил медиҳанд, ки 80%-и онҳо кӯдакону наврасон мебошанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 682 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатити А ба қайд гирифта шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...