ВМКБ: Садамаи нақлиёт ҷони 5 танро рабуд

Date:


Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, садамаи аввал дар наздикии деҳаи Ванчеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст. «Дар натиҷаи бо суръати баланд ҳаракат кардан автомашинаи «Чанху»-и истеҳсоли Чин ба ҷарӣ сарозер рафта, чор нафар мусофирони он аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву боз як мусофири дигар бо ҷароҳатҳо ба беморхонаи маҳаллӣ мунтақил шудаанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар километри 60-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе автомашинаи тамғаи «Жигули» ба автомашинаи тамғаи «Чанху» бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи «Чанху» ба ҳалокат расидааст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...