Дар арафаи Соли нав се нафар суғдиён даст ба худкушӣ заданд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳама мардонанд, даст ба худкушӣ заданд. Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар остонаи соли нав сокини 51-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, падари се фарзанд дар манзили зисташ худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи дигар дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом рух […]

Мавлуда Рафиева


Дар арафаи Соли нави мелодӣ се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳама мардонанд, даст ба худкушӣ заданд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар остонаи соли нав сокини 51-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, падари се фарзанд дар манзили зисташ худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигар дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом рух додааст: ин ҷо ҳам падари 4 фарзанд, марди 49-сола худро дар манзили зисташ ба дор овехтааст.

Худи ҳамон рӯз, сокини 52-солаи ҷамоати Пашкенти ноҳияи Истаравшан дар устохонааш худро ба дор овехта, чор фарзандро ятим гузоштааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 215 ҳодисаи худкушӣ (соли 2010 – 293 ҳодиса), аз ҷумла 59 ҳолати суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд.

Миёни аз худкушӣ ҳалокшудагон 97 нафарро мардон (8 нафар ноболиғон) ва 181 нафарро занон (21 нафар ноболиғон) ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.