Нигаронии Ҳамрохон Зарифӣ аз вазъи маҳаллаи Андараки вилояти Боткен

Date:


Чанде қабл гуфтугӯйи телефонии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбати телефонӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди моҷарое, ки дар маҳаллаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон шаби 29 ба 30 декабр миёни тоҷиктаборон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ва шаҳрвандони қирғизе, ки сокинони ин маҳалла ҳастанд, ба вуқӯъ пайваст, нигаронии худро изҳор намуд.

 Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҳамрохон Зарифиро иттилоъ дод, ки задухӯрд дар заминаи маишӣ рух дода, ҳеҷ сабаби сиёсӣ ва ё байниэтникӣ надорад. Тибқи гуфтаҳои ӯ, ҳоло вазъият пурра таҳти назорати Ҳукумати Қирғизистон ва маъмуриятҳои ноҳияи Лайлак ва вилояти Боткен қарор дорад. Ӯ инчунин қайд кард, ки оид ба моҷарои мазкур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related