Мусодираи беш аз 35 кило маводи мухаддир дар шаби Соли нав

Кормандони милиса шаби фарорасии Соли нав беш аз 35 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 31-уми декабр дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир П.Е.-и 32-солаи бекор боздошт гардида, зимни кофтукови шахсии ӯ 8,5 кило маводи мухаддири бангдона […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони милиса шаби фарорасии Соли нав беш аз 35 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 31-уми декабр дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир П.Е.-и 32-солаи бекор боздошт гардида, зимни кофтукови шахсии ӯ 8,5 кило маводи мухаддири бангдона ва аз манзили шахсиаш боз 27 кило чунин навъи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Муайян карда шудааст, ки боздоштшуда ин миқдор маводи мухаддирро аз ду сокини маҳаллӣ дастрас кардааст, ки яке аз онҳо ҷангалбони хоҷагии ҷангали «Дашти Ҷум» мебошад.

Ба иттилои манбаъ, чанд рӯзе пеш бо як миқдор маводи мухаддири героин роҳбалади қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» О.Н. боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови бағочи дастии ӯ ҳудуди 5 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар вазорат ва афзуданд, ки ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1,9 тонна маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки аз ин миқдор 131,5 килояшро афюн, 236,5 килояшро героин ва боқимондаро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.