Боздиди вазири мудофиаи Фаронса аз Тоҷикистон

Зимни сафари якрӯзаи кории вазири мудофиаи Фаронса Жерар Лонг ба шаҳри Душанбе ва мулоқоти ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев масоили ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ш.Хайруллоев ба ҳамтои […]

Аваз Юлдошев


Зимни сафари якрӯзаи кории вазири мудофиаи Фаронса Жерар Лонг ба шаҳри Душанбе ва мулоқоти ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев масоили ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ш.Хайруллоев ба ҳамтои фаронсавии худ барои дастгирии вазорат дар бахши табодули фаврии маълумот, омодасозии кадрҳо, баргузор кардани тамринҳои низомии муштарак миннатдорӣ намуда, изхори боварӣ кард, ки чунин тамоил минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, вазири мудофиаи Фаронса аз қароргоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса дар шаҳри Душанбе низ боздид кард. Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса дар шаҳри Душанбе ба эътилофи низомӣ дар Афғонистон кумаки техникӣ мерасонанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.