Дар Душанбе Бобои барфиро куштанд

Шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони фавтида хабар доданд, ӯ аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонон, ки дар хиёнат ба мазҳаб ӯро муттаҳам сохта, фарёд мезаданд, ба қатл расонида шудааст. Бино ба маълумоти […]

Аваз Юлдошев


Шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони фавтида хабар доданд, ӯ аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонон, ки дар хиёнат ба мазҳаб ӯро муттаҳам сохта, фарёд мезаданд, ба қатл расонида шудааст.

Бино ба маълумоти намояндаи ВКД Тоҷикистон, пас аз ин ҳодиса П.Давлатбеков бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд ба яке аз беморхонаҳои пойтахт оварда шудааст, вале сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, ба ҳуш наомада, ҷон додааст.

«Ба гумонбарӣ дар содир намудани ин ҷиноят донишҷӯйи соли саввуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шариф Давлатов ва ҳамроҳони ӯ Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев боздошт шуданд», – гуфт намояндаи ВКД.

Тибқи фарзияи наздикони марҳум, П.Давлатбеков қарор додааст, ки хешовандону наздиконашро бо Соли нави мелодӣ табрик кунад ва ба ин муносибат сарулибоси Бобои барфиро пӯшидаааст. Ҳангоме ки ӯ ба даромадгоҳи назди хонаи худ меояд, як гурӯҳи иборат аз 30 нафара ба ӯ дарафтода, бо нидоҳои «Ту кофирӣ» ба ӯ чанд зарбаи корд мезананд.

Қабл аз Соли нав, 30-юми декабр муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки мусалмонони кишвар Соли нави мелодиро набояд ҷашн гиранд. Ба андешаи ӯ, ҷашни Соли нав мухолиф ба қонунҳои ислом ва анъанаҳои миллии тоҷикон аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.