«Вавилон-Мобайл» муқобили Кумитаи андоз дар суд дастболо шуд

Мурофиаи судӣ миёни ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба фоидаи ширкати мобилӣ анҷом ёфт. Акнун ба Кумитаи андоз лозим меояд, ки зарари расонидашуда ба ширкатро барқарор намояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» PR-менеҷери ширкати «Вавилон-Мобайл» Холиқназар Ҷумъаев хабар дод, моҳияти баҳс дар он ифода меёфт, ки тағйирот ба Муқаррарот дар бораи вижагиҳои навъҳои […]

Рамзия Мирзобекова


Мурофиаи судӣ миёни ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба фоидаи ширкати мобилӣ анҷом ёфт. Акнун ба Кумитаи андоз лозим меояд, ки зарари расонидашуда ба ширкатро барқарор намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» PR-менеҷери ширкати «Вавилон-Мобайл» Холиқназар Ҷумъаев хабар дод, моҳияти баҳс дар он ифода меёфт, ки тағйирот ба Муқаррарот дар бораи вижагиҳои навъҳои ҷудогонаи фаъолият моҳи августи соли 2009 ворид шуда, мутобиқи он боҷҳои литсензионӣ аз 1 то 2,5% боло рафтанд, вале дар матбуоти расмӣ ин тағйирот моҳи ноябри ҳамон сол ба чоп расид ва мутобиқи қонунгузорӣ қонун пас интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад. Вале Кумитаи андоз аз ширкат талаб кард, ки маблағи болоравии боҷро аз моҳи октябр пардохт намояд.

Аз ин рӯ, ширкати «Вавилон-Мобайл» ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуд ва ин суд муроҷиати ширкатро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба фоидаи ширкат қарор содир кард.

Х.Ҷумъаев ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи Суди Конститутсионӣ намояндагони ваколатдори президент дар Суди Конститутсионӣ, ҳокимияти судӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иштирок кардаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.