Дар шаҳри Душанбе ба гумони узвият дар ҳизби экстремистии фаъолияташ мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» панҷ нафар боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, синнусоли боздоштшудагон аз 30 то 38-соларо ташкил дода, яке аз онҳо қаблан барои даъватҳои оммавӣ ҷиҳати роҳандозии фаъолияти ифротгароӣ маҳкум шудааст.
«Ба ном «ситод»-и онҳо дар яке аз манзилҳои зист дар кӯчаи Неъмат Қарабоев воқеъ буд, – гуфт манбаъ. – Маҳз аз ҳамин манзил ҳудуди 100 нусха китобу беш аз 200 адад варақаҳои дорои мазмуну мундариҷаи ифротгароӣ, ноутбук бо флеш кортҳо ва ҳамчунин 116 адад дискҳои таблиғоти фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дарёфт ва мусодира карда шуд».
Нисбат ба боздоштшудагон барои ташкили ҷамъияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти дахлдор ҷараён дорад.
Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти он дар аксари кишвархои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон манъ карда шудааст. Мақсади созмони мазкур ташкили халифати ягона дар кишварҳои мусулмонӣ аст.
Дар муддати 10 соли мамнӯъ эълон кардани фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Тоҷикистон садҳо фаъолони ин ҳаракати ифротгароӣ маҳкум карда шуданд. Танҳо дар соли 2010 дар вилояти Суғд оид ба далелҳои узвият дар сафи созмонҳои фаъолитяташон мамнӯъи ифротгароӣ ҳудуди 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки 42-тои он ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» марбутанд.


