Дарёфти пинҳонгоҳи бузурги аслиҳа дар шарқи ҷумҳурӣ

Рӯзи 3-юми январи соли равон кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ дар макони даргириҳои ҷангии солҳои гузашта дар Тавилдара пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаро дарёфт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии мавзеи Шур як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор гардида, аз он автомати Калашников, 2 норинҷаки дастии РГД-5, 25 дона тирҳои қутри 7,62 […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзи 3-юми январи соли равон кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ дар макони даргириҳои ҷангии солҳои гузашта дар Тавилдара пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаро дарёфт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии мавзеи Шур як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор гардида, аз он автомати Калашников, 2 норинҷаки дастии РГД-5, 25 дона тирҳои қутри 7,62 мм, 20 дона тирҳои қутри 5,45 мм, воситаҳои алоқа, 2 адад детонатор (тарконанда) ва дигар таҷҳизоту муҳимоти ҳарбӣ дарёфт шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли 2011 аз истифода ва муомилоти ғайриқонунӣ 824 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 205 адад автомати Калашников, 154 таппонча, 166 адад яроқи суфтамил, 71 адад норинҷакафкан, 636 адад дигар навъҳои аслиҳа ва дастгоҳҳои тарканда дарёфт ва мусодира карда шуданд. Шурӯъ аз соли 1994 шумори аслиҳаи мусодирашуда зиёда аз 33 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.