Ҷашни 75-умин солгарди зодрӯзи директори аввалини нерӯгоҳи «Норак»

Чанде қабл дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ба муносибати 75-солагии собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шаҳрванди фахрии шаҳри  Хуҷанд Акобир Қозихонович Умаров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ба муносибати 75-солагии собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шаҳрванди фахрии шаҳри  Хуҷанд Акобир Қозихонович Умаров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов соҳибҷашнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин рӯзи фархундаи ҳаёташ табрик намуда, чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои тӯлониаш тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияро тақдим дошт.

Раҷабббой Каримов зимни суханронии худ аз хизматҳои шоёни Акобир Умаров ёдрас шуда, саҳми ӯро дар тараққиёти босуръати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ба хосса ободонию бунёдкории маркази маъмурии вилояти кунунии Суғд дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта, рушди соҳаи энергетикаи кишвар  босазо арзёбӣ кард.

Муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов  меҳрномаи Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба унвонии Акобир Умаров қироат кард ва тӯҳфаи хотиравии сарвари вилоятро тақдим дошт.

Мӯъминҷон Тошматов – муовини Раиси Ширкати «Барқи тоҷик» аз номи роҳбарияти ширкат Акобир Умаровро бо зодрӯзаш табрик намуд.

Соҳибҷашнро ҳамсафон, дӯстон, шогирдон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят муборакбод карданд.

Акобир Қозихонович Умаров – яке аз чеҳраҳои шинохтаи шаҳру вилоят ва мамлакат 30 декабри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизби назди КМ ҲКИШ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи муҳандис-барқчии шабакаҳои барқии Ленинобод оғоз намуда, сипас ба ҳайси Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи коркунони нерӯгоҳҳои барқӣ ва саноати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори шабакаҳои барқи минтақаи шимол кор кардааст.

Акобир Умаров аввалин директори  Нерӯгоҳи Барқи Оби Норак мебошад.

Солҳои 1974 – 1975 ба сифати котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон роҳбарии шаҳри Ленинобод – Хуҷанди имрӯзаро ӯҳдабароёна адо кардааст. Дар се даъват вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Тӯли 12 сол узви Кумитаи Маркази Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.