Соли гузашта дар Хатлон беш аз 190 машқҳои мудофиаи гражданӣ доир шуд

Дар ҷаласаи ҷамъбастии мудофиаи граждании вилоят, ки рӯзи 28-уми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, фаъолияти соҳа дар соли 2011 мавриди таҳлили пурра қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Х. Раҳмонов, муовини аввали сардори сарситоди кумитаи ҳолатҳои фавқулодда […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи ҷамъбастии мудофиаи граждании вилоят, ки рӯзи 28-уми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, фаъолияти соҳа дар соли 2011 мавриди таҳлили пурра қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Х. Раҳмонов, муовини аввали сардори сарситоди кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А. Хушвахтов, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-сарпарасти соҳаи мудофиаи гражданӣ, сардорони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва хадамотҳои мудофиаи граждании вилоят оид ба корҳои дар давоми сол анҷомдодашуда ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар вилоят 194 машқҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби 22678 нафар аҳолӣ гузаронида шуда, 683 ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шудааст ва маблағи умумии зарари расонидашуда 8,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки дар ҷаласа баробари ибрози таклифу андешаҳо оид ба пешрафти кор, ҳамчунин ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои қатъии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, вазифаҳои навбатӣ муайян карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.