Боздошти гурӯҳи эҳтимолии экстремистон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ба гумони узвият дар ҳизби экстремистии фаъолияташ мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» панҷ нафар боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, синнусоли боздоштшудагон аз 30 то 38-соларо ташкил дода, яке аз онҳо қаблан барои даъватҳои оммавӣ ҷиҳати роҳандозии фаъолияти ифротгароӣ маҳкум шудааст. «Ба ном «ситод»-и онҳо дар яке аз […]

Наргис Ҳамробоева


Дар шаҳри Душанбе ба гумони узвият дар ҳизби экстремистии фаъолияташ мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» панҷ нафар боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, синнусоли боздоштшудагон аз 30 то 38-соларо ташкил дода, яке аз онҳо қаблан барои даъватҳои оммавӣ ҷиҳати роҳандозии фаъолияти ифротгароӣ маҳкум шудааст.

«Ба ном «ситод»-и онҳо дар яке аз манзилҳои зист дар кӯчаи Неъмат Қарабоев воқеъ буд, – гуфт манбаъ. – Маҳз аз ҳамин манзил ҳудуди 100 нусха китобу беш аз 200 адад варақаҳои дорои мазмуну мундариҷаи ифротгароӣ, ноутбук бо флеш кортҳо ва ҳамчунин 116 адад дискҳои таблиғоти фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дарёфт ва мусодира карда шуд».

Нисбат ба боздоштшудагон барои ташкили ҷамъияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти дахлдор ҷараён дорад.

Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти он дар аксари кишвархои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон манъ карда шудааст. Мақсади созмони мазкур ташкили халифати ягона дар кишварҳои мусулмонӣ аст.

Дар муддати 10 соли мамнӯъ эълон кардани фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Тоҷикистон садҳо фаъолони ин ҳаракати ифротгароӣ маҳкум карда шуданд. Танҳо дар соли 2010 дар вилояти Суғд оид ба далелҳои узвият дар сафи созмонҳои фаъолитяташон мамнӯъи ифротгароӣ ҳудуди 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки 42-тои он ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» марбутанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.