С.Абдуқодирзода: Ман мусулмононоро ба таҷлил накадани ҷашни Соли нав даъват накардаам

Date:


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилооти як қатор расонаҳои хабариро дар бораи он ки ӯ гӯё аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷашни Соли нави милодиро таҷлил накунанд, рад месозад.

Дар робита ба ин масъала Абдуқодирзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ӯ дар посух ба саволи хабарнигори хадамоти тоҷикии Би-Би-Сӣ, ки пурсидааст: «Шумо баргузории маросими Ошӯроро манъ кардед, пас чаро таҷлили ҷашни Соли навро маҳкум намекунед?», посух додааст, ки «Ошӯро маросими динӣ аст, вале Соли нав иди дунявист. Ин ҷашни исломӣ нест ва дар Қуръон дар ин хусус чизе гуфта нашудааст. Аммо суханони маро ба дигар маънӣ пешниҳод карданд».

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи фарорасии Соли нави милодӣ хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоъ дода буд, ки Абдуқодирзода аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки аз таҷлили ҷашни Соли нави милодӣ худдорӣ варзанд, зеро он мухолифи рукнҳои исломӣ буда, ба расму оини тоҷикон мутобиқат намекунад.

Аммо таваҷҷуҳи зиёд ба суханони муфтӣ пас аз қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола дар пойтахт, ки сарулибоси Бобои барфӣ дар бар дошт, пайдо шуд. Чанде сурат гирифтани ин амалро ба ҷанбаи мазҳабӣ нисбат доданд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла ВКД ин андешаро ғайривоқеӣ арзёбӣ карда, изҳор карданд, ки ҷинояти мазкур дар натиҷаи як ҷанҷоли маъмулӣ содир гардида, ҷавонони ҷинояткор дар ҳолат мастӣ қарор доштанд.

Дар мавриди шарҳи масъалаи мазкур С.Абдуқодирзода гуфт, ҳеҷ инсоне бо сарулибоси дгар ба бар кардан «кофир» намешавад. «Қатли инсон гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ аст. Оллоҳ то он замоне, ки гунаҳкор тамоми азобҳои расонида ба дигар касро худ эҳсос накунад, ҳеҷ гоҳ қотилонро нахоҳад бахшид», – мегӯяд раиси Шӯрои уламо.

«Ман ин амалро дар ҳама гуна ҳолат маҳкум менамоям, мусулмонони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст намезанад», – афзуд муфтӣ. 

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. soli naw

    asalomu alaikum muhtaram mufti domulloh
    awalo khudo solimu salomat nigohaton dorad baad guftaniyam ki dar khususi baqhaid girii oshuro mawqhifi shumo khele bajo bud wa sad dar sad muwofakat mekunad akidai mazhabi nobi hanafii tajikonro ki omadaast dar fikhi akbar mo naboyad dar khususi fitnai guzashtai baini on buzurgon qhazowat kunem boyad sukutro ikhtiyor kunem wa duoi nek kunem
    digar inki in soli naw ham janbahoi dini dorad boyad ki mo durust shinosonem mardumro wa ozod guzorem onhoro ki chikhohad khud ikhtiyor kunad milsli ki dar solhoi guzashta shuda bud .

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...