Алишо Қурбонов, муовини авали раиси суди вилояти Хатлон сабаби дуруст татбиқ нашудани қонуни авф дар инстансияи суди аввал нисбати 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба баъзе нофаҳмиҳои қонуни авф рабт дод.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз сабаби он ки дар қонуни авф баъзе нофҳмиҳо ҷой доштанд, судяи суди вилояти Хатлон нисбати 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев ҷазо дар доираи қонун татбиқ карда буд.
«Масалан дар моддаи 10-и ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» омадааст, ки кӯтоҳ карда гӯем нисбати ин нафарон қонуни номбурда татбиқ карда шавад. Вале дар моддаи дигар омадааст, ки парвандаҳое, ки бо модаи 305, 306, 186 ва 187 КҶ ҶТ оғоз шудаанд, ин қонун қисман татбиқ карда мешавад. Ин нофаҳмиҳо буд, ки суди аввал нисбати ин 7 нафар қонуни авфро қисман татбиқ намуд. Ва баъди он ки қонунгузор қонунро тавзеҳ доду гуфт, ки моддаи 10-и ин қонун нисбати ин 7 нафар татбиқ карда мешавад, суди зинаи болоӣ онро татбиқ намуда аз зали суд озодашон кард», – илова кард муоввини аввали раиси суди вилояти Хатлон.
Бояд ёдовар шуд, ки суди вилояти Хатлон 7 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро 1 сентябри соли 2011 ба муҳлати 16 соли зиндони ҳукм карда буд.
Баъдан пас аз арзу шикоятҳои зиёди волидайну адвокатҳои маҳкумшудагон ва эътирози прокурори вилояти Хатлон, суди Олии кишвар дар марҳилаи кассатсионӣ 1 ноябри соли 2011 парвандаро аз нав дида баромада нисбати онҳо моддаи 10 –и қонуни авфро татбиқ намуда аз зали суд озодашон кард.


