Ҳалокати 5 тоҷикистонӣ бар асари садама дар Твер

Бар асари як садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 14-уми январ дар километри 113-уми Торжок-Осташков (вилояти Твери Русия) рух дод, 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи тамғаи ВАЗ-2109 бо сабаби номаълум ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автобуси мусофиркаш […]

Аваз Юлдошев


Бар асари як садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 14-уми январ дар километри 113-уми Торжок-Осташков (вилояти Твери Русия) рух дод, 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи тамғаи ВАЗ-2109 бо сабаби номаълум ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автобуси мусофиркаш бармехӯрад.

Дар натиҷа панҷ нафар шахсони дохили автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Миёни мусофирони автобус касе осеб надидааст.

Шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд – Сафарбек Қӯшбеков, Зафар Солеҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳидҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров мебошанд.

Афни замон намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан чора меандешад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.