Коҳиши воридоти маҳсулоти макаронӣ аз хориҷи кишвар

Дар соли 2011 дар корхонаҳои маҳсулоти орди истеҳсоли маҳсулот ба 92,3 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,3%-ро ташкил дод. Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, корхонаҳои ордбарорию нонпазӣ бе истифода аз қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши […]

ASIA-Plus


Дар соли 2011 дар корхонаҳои маҳсулоти орди истеҳсоли маҳсулот ба 92,3 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,3%-ро ташкил дод.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, корхонаҳои ордбарорию нонпазӣ бе истифода аз қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши имконияту захираҳои дохилӣ дар соли 2011-ум 1068324 тонна орд ва 1765473 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуданд.

Корхонаҳои ордбарории ҶММ «Ҷасур»-и н. Ваҳдат, ҶСП «Орди Истаравшан»-и ш. Истаравшан, ҶММ «Орди нави Спитамен»-и н. Спитамен, ҶММ «Орди рушти Хатлон»-и ш. Сарбанд, ҶММ «Сомон Турон Инвест»-и ш. Турсунзода, ҶС «Хушаи гандум»-и н. Данғара, ҶММ «Зерновая компания»-и н. Б. Ғафуров, ҶММ «Орди Шаҳринав»-и н. Шаҳринав , ҶСШК «Ғалла»-и ш. Душанбе ,ҶММ «Фаровон-1»-и ш. Қайроқум , ҶММ «Ҷасур»-и ш. Ваҳдат ва КФ «Ҷаском Инвест» нисбати соли 2010 хуб фаъолият карда, суръати афзоишро ба ҳисоби миёна 114% расонданд.

Бояд тазаккур дод , ки корхонаҳои ҶДММ «Сомон Турон Инвест» ва ҶММ «Маколлӣ» хати нави технологии истеҳсоли макарони спагеттӣ дар соли ҷорӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо маҳсулоти хушсифати рақобатпазир бозорҳои кишварро менамояд, инчунин ҶДММ «Зерновая компания»-и ш. Б. Ғафуров низ хати технологии муҷаҳази истеҳсоли макарон ба роҳ монда шудааст, ки ин вориди маҳсулоти макарониро аз хориҷӣ кишвар кам менамояд.

Дар ҷумҳурӣ 19 корхонаи ордкашӣ фаъолият мекунад ва ҳоло дар як шабонарӯз зиёда аз 1520 тонна орд истеҳсол мекунанд. Дар корхонаҳо ба масъалаи бо технологияи нави ҳозиразамон таҷҳизонидани истеҳсолот диққати махсус дода мешавад. Дар корхонаҳои ордбарории фаръии «Ҷаском –Инвест», ҶДММ «Сомон Турон Инвест», ҶММ «Маколлӣ», ҶММ «Орди Шаҳринав», ҶММ «Орди Хатлон», ҶММ «Дилшод»-и ноҳияи Ҳисор, ҶММ «Зерновая компания»-и ш. Б.Ғафуров ва комбинати маҳсулоти нони шаҳри Хуҷанд технологияи нави бо компютер таҷҳизонидашуда ҷорӣ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.