Соли 2011 офатҳои табиӣ ҷони 11 нафарро рабуданд

Соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, генерал-майор Абдусаттор Хушвақтов, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 120 ҳодисаи фавқулодда рух додааст. Соли 2010 дар Тоҷикистон 238 ҳодисаи фавқулодда рух дода, бар асари он 61 нафар фавтида […]

Фирӯз Умарзода


Соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, генерал-майор Абдусаттор Хушвақтов, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 120 ҳодисаи фавқулодда рух додааст. Соли 2010 дар Тоҷикистон 238 ҳодисаи фавқулодда рух дода, бар асари он 61 нафар фавтида буданд.

«Дар ин давраи ҳисоботӣ аз офатҳои табиии гуногун 1 ҳазор манзили зист осеб дид (57 манзил пурра хароб гардид), ки ҳаҷми умумии зарари расидаи он 43 млн. сомониро ташкил дод», – изҳор кард вай ва илова намуд, ки соли 2010 дар кишвар бар асари офати табиӣ 4426 манзили зист осеб дида, ҳаҷми умумии зарари он 74 млн. сомониро ташкил дода буд.

Ба қавли номбурда, ҳаҷми умумии маблағи зарар аз офати табиӣ дар соли гузашта ҳудуди 43 млн. сомониро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин маблағ дар соли 2010 ба 518 млн. сомонӣ баробар буд.

Муовини раиси кумита ҳамчунин гуфт, соли гузашта дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар 118 нафар ба ҳалокат расиданд, ки нисбат ба соли 2010-ум 3 ҳодиса камтар аст.

«Соли 2011 барои мардуми кишвар ва кумитаи мо бо шумори начандон зиёди ҳодисаҳои фавқулодда ва миқдори нисбатан ками ҷабридагон соли бобарор буд», – афзуд Хушвақтов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.