Тавсияи «Барқи тоҷик» ба фурудгоҳи Кӯлоб бобати мустақилона сохтани зеристгоҳ

Date:


Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба хароҷоти зиёд зимни ҳар як парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо бо назардошти низоми садамавии генераторҳо маҷбур аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов хабар дод, бинобар сабаби ногаҳон ва бе огоҳии пешакӣ қатъ гардидани интиқоли барқ, зимни фуруд омадани ҳавопаймоҳо ба майдони ҳавоӣ мушкилоти зиёд пеш меояд ва танҳо чораҳои пешакӣ андешида имкон медиҳанд, ки вазъ мӯътадил гардад.

Комилов зикр кард, ки тайи 15 соли ахир онҳо ба энергетикҳо бобати васли хатти ҷудогонаи интиқоли барқ ба фурудгоҳ муроҷиат мекунанд, вале то имрӯз ин дархостҳо ҳеҷ натиҷае надодаанд. «Ба муроҷиатҳои хаттии ахири мо ба шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва ширкати «Барқи тоҷик» ба мо тавсия доданд, ки мустақилона зеристгоҳи барқӣ бунёд намоем», – мегӯяд вай. –  Дар сурати маблағ пайдо кардан ҳам мо мустақилона зеристгоҳи барқӣ сохта наметавонем, зеро ҳарчанд дар фурудгоҳ мутахассисони соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, вале мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика мавҷуд нестанд».

«Алҳол бошад, дар «Барқи тоҷик» доир ба тавсияи навбатӣ андеша меронанду генераторҳо маводи сӯзишвории гаронро хароҷот мекунанд», – афзуд номбурда.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...