Биноҳои ғайриқонунии назди манзилҳои баландошёнаи Душанбе кӯчонида мешаванд

Дар шаҳри Душанбе кӯчонидани тамоми биноҳое, ки дар назди манзилҳои баландошёна ғайриқонунӣ сохта шудаанд, оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, кӯчонидани биноҳои ғайриқонунӣ дар доираи шанбегиҳо, ки шурӯъ аз 21-уми январ то ҷашни Наврӯз идома меёбанд, сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи Саидов, ҳамчунин панҷараҳои атрофи манзилҳои баландошёна […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе кӯчонидани тамоми биноҳое, ки дар назди манзилҳои баландошёна ғайриқонунӣ сохта шудаанд, оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, кӯчонидани биноҳои ғайриқонунӣ дар доираи шанбегиҳо, ки шурӯъ аз 21-уми январ то ҷашни Наврӯз идома меёбанд, сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Саидов, ҳамчунин панҷараҳои атрофи манзилҳои баландошёна низ кӯчонида шуда, қитъаҳои замине, ки аз ҷониби шахсони ҷудогона ғайриқонунӣ ва худсарона азхуд карда шудаанд, низ ба тавозуни шаҳр баргардонида мешаванд.

«Ғайр аз ин, дар доираи баргузории шанбегиҳо, ки ба сарфи назар аз шакли моликият, кормандони тамоми ташкилоту корхонаҳои пойтахт ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват карда мешаванд, ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки соли равон дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистону Эрон ва як қатор кишварҳои дигари минтақа ҷашни байнулмилалии «Наврӯз» таҷлил мегардад.

Маҷмааи «Наврӯзгоҳ» дар ҷойи собиқ ипподроми пойтахт дар майдони 27,76 га бунёд гардид. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 31,8 млн. сомонӣ (беш аз 7 млн. $) маблағ ҷудо гардида, он моҳи марти соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.