Тавсияи «Барқи тоҷик» ба фурудгоҳи Кӯлоб бобати мустақилона сохтани зеристгоҳ

Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба хароҷоти зиёд зимни ҳар як парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо бо назардошти низоми садамавии генераторҳо маҷбур аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов хабар дод, бинобар сабаби ногаҳон ва бе огоҳии пешакӣ қатъ гардидани интиқоли барқ, зимни фуруд омадани ҳавопаймоҳо ба майдони ҳавоӣ мушкилоти зиёд пеш меояд ва […]

Турко Дикаев


Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба хароҷоти зиёд зимни ҳар як парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо бо назардошти низоми садамавии генераторҳо маҷбур аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов хабар дод, бинобар сабаби ногаҳон ва бе огоҳии пешакӣ қатъ гардидани интиқоли барқ, зимни фуруд омадани ҳавопаймоҳо ба майдони ҳавоӣ мушкилоти зиёд пеш меояд ва танҳо чораҳои пешакӣ андешида имкон медиҳанд, ки вазъ мӯътадил гардад.

Комилов зикр кард, ки тайи 15 соли ахир онҳо ба энергетикҳо бобати васли хатти ҷудогонаи интиқоли барқ ба фурудгоҳ муроҷиат мекунанд, вале то имрӯз ин дархостҳо ҳеҷ натиҷае надодаанд. «Ба муроҷиатҳои хаттии ахири мо ба шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва ширкати «Барқи тоҷик» ба мо тавсия доданд, ки мустақилона зеристгоҳи барқӣ бунёд намоем», – мегӯяд вай. –  Дар сурати маблағ пайдо кардан ҳам мо мустақилона зеристгоҳи барқӣ сохта наметавонем, зеро ҳарчанд дар фурудгоҳ мутахассисони соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, вале мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика мавҷуд нестанд».

«Алҳол бошад, дар «Барқи тоҷик» доир ба тавсияи навбатӣ андеша меронанду генераторҳо маводи сӯзишвории гаронро хароҷот мекунанд», – афзуд номбурда.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.