Густариши ҳузури чиноиҳо дар бахши кишоварзии Тоҷикистон

Сармоягузорони Чин минбаъд низ ният доранд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳузури худро густариш бахшанд. Зимни нишасти хабарӣ сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Дадабоев изҳор кард, ки айни замон ҷиҳати ба шаҳрвандони Чин дар ноҳияи Ёвон ҷудо кардани 200 гектар замин гуфтушунид идома дорад. «Ин заминҳо бар асари сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ барои […]

Пайрав Чоршанбиев


Сармоягузорони Чин минбаъд низ ният доранд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳузури худро густариш бахшанд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Дадабоев изҳор кард, ки айни замон ҷиҳати ба шаҳрвандони Чин дар ноҳияи Ёвон ҷудо кардани 200 гектар замин гуфтушунид идома дорад. «Ин заминҳо бар асари сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ барои кишти зироатҳо коршоям нестанд ва барои киштукор истифода намешаванд», – гуфт вай.

Дадабоев таъкид кард, ки моҳи декабри соли гузашта ба ширкати «Син Сзян»-и Чин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 412 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, мувофиқи шартномаи дарозмуҳлати баимзорасида, ин ширкат барои ба ҳолати коршоям овардани ин заминҳо 2 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад кард.

«Қаблан соли 2010 ба ширкати дигари чиноии «Хайли» аз ҳисоби заминҳое, ки кишоварзони тоҷик истифода намебурданд, ҷиҳати парвариши шолӣ 50 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд ва соли гузашта чиноиҳо аз ҳар як гектари ин қитъаи замин 50 сентнерӣ ҳосили шолӣ ба даст оварданд, – мегӯяд вай. – Ҳосили ҷамъоварда аз ин қитъаи заминҳо ба таври истисноӣ барои истеъмоли дохили кишвар пешбинӣ шудааст, зеро арзиши биринҷ дар Чин нисбат ба Тоҷикистон 30% поинтар аст. Аз ин рӯ, сармоягузорони Чин танҳо бо назардошти имконоти бозори дохилӣ фаъолият доранд».

Дадабоев бар ин назар аст, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ такону пешравии мусбат хоҳад бахшид. «Минбаъд дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармояи Чин бунёди корхонаи коркарди тухмии хушсифати пунбадона дар назар аст, ки ҳосилнокиаш метавонад то 80 сентнер аз як гектар бошад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон нишондиҳандаи рекордии ҳосилнокии пахта 20,5 сентнер аз як гектар аст, ки кишоварзони ҷумҳурӣ ба он соли гузашта муваффақ гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.