Мулоқоти роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистону Афғонистон дар Брюссел

Дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Рустамҷон Солиев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Ҳумоюн Тандар баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сарони намояндагиҳои дипломатӣ роҳҳои ҳамкории муштаракро дар истифода […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Рустамҷон Солиев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Ҳумоюн Тандар баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сарони намояндагиҳои дипломатӣ роҳҳои ҳамкории муштаракро дар истифода аз имконоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дар соҳаҳои мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳадот ва истифодабарии имконоти иқтисоди, маърифатӣ, коммуникатсионӣ, нақлиётиву гидроэнергетикии Тоҷикистонро барои бозсозии иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон баррасӣ ва мувофиқа намуданд.

Ҳамзамон, сафирон рафти омодагӣ ба гузарондани Панҷумин Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистонро (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карданд. Р. Солиев ва Ҳ. Тандар пешниҳодоти мушаххасро ҷиҳати таъмини сатҳи баланди иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар кори конфронси номбурда ва ташаккули афкори ҷамъиятии муносиб дар Аврупо таҳия сохтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.