Баррасии масоили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав

Дар шаҳри Маскав таҳти раёсати мушовири сафорати Туркманистон дар Русия Мурод Язбердиев ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкориҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд. Иштирокчиёни ҷаласа ҷузъиёти Гузориши муҳити корӣ, имтиёзҳо ба сармоягузорон, […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав таҳти раёсати мушовири сафорати Туркманистон дар Русия Мурод Язбердиев ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкориҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд. Иштирокчиёни ҷаласа ҷузъиёти Гузориши муҳити корӣ, имтиёзҳо ба сармоягузорон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва илмӣ-техникии кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамчунин Дурнамои истеҳсолот, истеъмол, воридоту содироти навъҳои муҳими маҳсулоти кишварҳои узви ИДМ барои соли 2012-ро, ки аз ҷониби Деартаменти ҳамкориҳои иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ омода гардида буд, муфассал мавриди омӯзиш қарор доданд.

Бино ба иттиои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масоили амалисозии Консепсияи ташаккули фазои иттилоотӣ-китобхонавӣ дар заминаи китобхонаҳои наздимарзӣ, ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар соҳаи комплекси саноати ҷангал, таъини Ҷоизаи ИДМ дар соли 2011 барои комёбиҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматгузориҳо низ баррасӣ шуданд.

Бо назардошти табодули афкор ва пешниҳодот дар ҷаласа, лоиҳаҳо бо қарорҳои дахлдори Шӯрои иқтисодии ИДМ маъқул шуморида шуданд. Баргузории ҷаласаи навбатӣ 16-уми март дар Маскав дар назар аст.

Ҳамчунин дар ҷаласа рӯзномаи ҷаласаи минбаъдаи Комисссия оид ба масоили иқтисодӣ, ки бояд 8-уми феврал дар Маскав баргузор шавад, низ маъқул шуморида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.