Дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор иттиҳодияи ҷамъиятӣ амал мекунад

Вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев дар ҷамъи рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки шумори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки асосан созмонҳои хайрияву ҷавонон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии гендерӣ мебошанд. «Соли гузашта дар Тоҷикистон 201 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд», – таъкид кард вазири адлия. Ба қавли Р.Менглиев, соли гузашта 1 ҳазору […]

Наргис Ҳамробоева


Вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев дар ҷамъи рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки шумори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки асосан созмонҳои хайрияву ҷавонон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии гендерӣ мебошанд.

«Соли гузашта дар Тоҷикистон 201 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд», – таъкид кард вазири адлия.

Ба қавли Р.Менглиев, соли гузашта 1 ҳазору 71 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бинобар сабаби иҷро накардани талаботи қонун оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи идомаи фаъолият огоҳинома гирифтааст. «Ба судҳо 14 даъво пешниҳод гардида 9-тои он қонеъ гардонида шуданд ва фаъолияти се созмон боздошта шуд», – гуфт Менглиев.

Ғайр аз ин, зикр гардид, ки соли 2011 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 94 ҳазору 618 адад шаҳодатномаи ақди никоҳ (соли 2010 – 100 ҳазору 440 адад) ва 200 ҳазору 475 адад шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак (соли 2010 – 189 ҳазору 187 адад) додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.