Р.Менглиев: Дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон шиканҷа ҷой надорад

Соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон далелҳои истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин хусус маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «барои беҳбуди шароити будубоши боздоштшудагону маҳбусон тамоми чораҳо андешида мешаванд. «Соли гузашта дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи шароитҳои дар […]

Наргис Ҳамробоева


Соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон далелҳои истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин хусус маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «барои беҳбуди шароити будубоши боздоштшудагону маҳбусон тамоми чораҳо андешида мешаванд. «Соли гузашта дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» мавриди амал қарор гирифта, дар чаҳорчӯби Барномаи беҳтар кардани заминаи моддиву техникии муассисаҳои ислоҳотӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ якчанд тавқифгоҳҳои муваққатӣ сохта шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли вазири адлия, соли сипаригашта намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва намояндагиҳои дипломатӣ аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ боздид карданд ва сипас ҳисоботу андешаҳои онҳо дар васоити ахбори умум ба нашр расиданд.

Дар ҳамин ҳол, дар мавриди рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ метавон аз қазияи марги маҳбуси 32-сола Исмоил Бачаҷонов мисол овард. Додгоҳ реҷаи адои ҷазо дар зиндони низомаш шадиди ӯро ба маҳбас иваз намуд. Ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса Бачаҷонов ба боздоштгоҳи татфишотӣ оварда шуда, сипас ба камераи маҳбас фиристодани ӯ пешбинӣ гардида буд, вале баъди чанде зимни интиқол аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Вазорати адлия ӯ ҳалок шуд.

Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки дар марги маҳбус якчанд нафар кормандони боздоштгоҳ даст доранд.

Моҳи сентябри соли гузашта нисбат ба се нафар кормандони боздоштгоҳ ба иттиҳоми айбдорӣ дар содир намудани амалҳое, ки ба марги маҳбус оварда расониданд, ҳукм содир шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.