Вазири нави маориф бобати нақшаҳои ислоҳоти соҳа ба вакилон маълумот дод

Вазири нави маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов имрӯз бобати нақшаҳои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ маълумот дод. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, баҳри эътирофи дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ба қавли вай, дар Вазорати маориф нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар ҳоли омодашавӣ қарор […]

Аваз Юлдошев


Вазири нави маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов имрӯз бобати нақшаҳои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ маълумот дод.

Аз ҷумла, ӯ зикр кард, баҳри эътирофи дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Ба қавли вай, дар Вазорати маориф нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад, ки мутобиқи он дар кори вазорат ва воҳидҳои сохтории он баъзе тағйирот сурат мегиранд.

Ғайр аз ин, гуфт Саидов, минбаъд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ, интихоб ва ба таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристодани ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Нуриддин Саидов аз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дархост кард, ки Конвенсия дар бораи эътирофи тахассуси мансуб ба маълумоти олӣ дар минтақаи Аврупоро, ки моҳи июни соли гузашта зимни сафари сарвари давлат ба парлумони Аврупо ба имзо расида буд, тасдиқ намоянд.

«Пас аз тасдиқи Конвенсияи мазкур дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо эътироф карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала эрод гирифт, ки «бо имзо ва тасдиқи Конвенсия сатҳи донишу саводнокии донишҷӯён боло намеравад». «Барои ба ин мақсад ноил гаштан Вазорати маориф ва донишҷӯёнро мебояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд», – гуфт Зуҳуров.

Ба эроди Ш.Зуҳуров вазири нави маорифи кишвар посух дод, ки «ӯ дарк менамояд, ки чӣ масъулиятеро ба дӯш мегирад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.