БМТ меъёри таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист

Соли равон Бонки миллии Тоҷикистон меъёри таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист, – хабар дод муовини раиси БМТ Малоҳат Холиқзода. Ӯ хотирррасон намуд, ки соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад. Ба гуфтаи Холиқзода, нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ 10,3 […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон Бонки миллии Тоҷикистон меъёри таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист, – хабар дод муовини раиси БМТ Малоҳат Холиқзода.

Ӯ хотирррасон намуд, ки соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба гуфтаи Холиқзода, нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ 10,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,2 фоиз ва хизматрасониҳо 9,2 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

«Ин раванд пеш аз ҳама дар натиҷаи баланд шудани нархи маҳсулоти воридотӣ, аз қабили маводи сӯзишворӣ, гандум, орд, равғани растанӣ ва инчунин арзиши маҳсулоти хусусияти мавсимӣ дошта, ба амал омад. Ва ин ҳама дар навбати худ боиси афзудани хароҷоти истеҳсолӣ гардида, сабабгори бевосита боло рафтани нархи молу маҳсулоти алоҳида, мисли гӯшт ва хизматрасонии нақлиёти мусофирбар гардид», – гуфт вай.

Бо такя ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, М.Холиқзода зикр кард, ки соли 2011 дар бозори ҷаҳонӣ нархи миёнаи гандум нисбат ба соли қаблӣ 40,7%, равғани растанӣ 40,2% ва нафт то 39,3% боло рафтааст).

«Таҳлилҳои дақиқи мутахасссисони Бонки миллии Тоҷикистон нишон доданд, ки дар соли 2011 сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 4,4 фоизро ташкил дод», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.