Қабули қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»

Мутобиқи нақшаи ҳукумат, Тоҷикистон тайи 10 соли наздик бояд аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ин нуктаро имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев таъкид кард. Ба қавли вазир, вазъи имрӯзаи […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи нақшаи ҳукумат, Тоҷикистон тайи 10 соли наздик бояд аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ин нуктаро имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев таъкид кард.

Ба қавли вазир, вазъи имрӯзаи иқтисоди кишвар, ки дар он ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 2,5 баробар зиёд аст, касеро қонеъ карда наметавонад.

«Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти зикршуда изҳори нигаронии шадид карда, дар назди сохторҳои иқтисодии ҳукумат вазифаҳои мушаххас гузошт», – гуфт вай.

Ӯ таъкид кард, ки лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ба афзоиши самаранокии иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

«Соли равон ба олимони тоҷик баҳри коркарду таҳияи технологияҳои инноватсионӣ аз буҷети давлатӣ 32 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид», – афзуд Ф.Ҳамралиев.

Зимни изҳори андеша дар робита ба ин масъала раиси палатаи поёнииаапрлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки бо назардошти муҳим будани масъалаи мазкур барои Тоҷикистон, маблағҳои ҷудошуда аз буҷети давлат барои таҳияву коркарди технологияҳои инноватсионӣ ночиз аст.

«Ба Вазорати Шумо таҳияи лоиҳа ва барномаҳои зиёди ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ зарур аст ва шояд он замон пешравӣ ба мушоҳида расад», – гуфт ӯ.

Намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои Тоҷикистон бағоят муҳим аст. «Ман аз он хеле хурсандам, ки дар лоиҳаи қонун ташкили фонди махсуси инноватсионӣ пешбинӣ шудааст», – гуфт раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

Ӯ ҳамчунин ба вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки барои бештар пурсамар амалӣ гардидани лоиҳаи қонун якчанд асноди зерқонунӣ низ таҳия созанд.

Пас аз баррасии яксоата лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»-ро вакилони парлумон якдилона маъқул шумориданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.