Вазорати фарҳанг ҳақмузди актёрони куҳансолро ним баробар кам кард

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳақмузди актёрони куҳансолро ним баробар кам кард. Агар онҳо қаблан ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҳақмузд мегирифтанд, пас айни замон он то ба 150 сомонӣ кам карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдом баҳри ҷалби ҳунармандони ҷавон […]

Меҳрангез Турсунзода


Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳақмузди актёрони куҳансолро ним баробар кам кард. Агар онҳо қаблан ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҳақмузд мегирифтанд, пас айни замон он то ба 150 сомонӣ кам карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдом баҳри ҷалби ҳунармандони ҷавон ба театр пеш гирифта шуда, ҳаҷми ҳақмузди онҳо зиёд шуд. «Хатмкардагони Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба театрҳо ба кор намераванд, чунки музди меҳнат онҳоро қонеъ намесозад. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ҳақмузди актёрони синнусоли аз 70-сора боло 50% кам гардида, музди меҳнати актёрони ҷавон ба ҳисоби миёна то 550 сомонӣ расонида шавад», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки актёрони куҳансол барои иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои театрӣ дар ҳаҷми пурра гонорар хоҳанд гирифт. «Албатта, актёрони ҷавон базудӣ актёрони куҳансолро иваз карда наметавонанд, вале минбаъд онҳо бояд ҳунармандони пешсафи театрҳо шаванд», – хабар дод сарчашма.

Дар ҳамин ҳол, актриса Нисо Маҳмадҷонова дар рбита ба ин масъала изҳор кард, ки нисбати онҳо чунин амал таҳқир аст. Ба гуфтаи ӯ, истеъдодҳое ба монанди Хайрӣ Назарова, Носир Ҳасанов ва дигарон тамоми умр бахри рушди театри тоҷик кӯшиш ба харҷ додаанд.

«Кормандони театр шахсони хеле зудранҷанд ва чунин қарорҳо метавонад ба саломатии онҳор зараровар бошад», – гуфт ӯ.

Номбурда илова кард, ки дар театри ба номи Лоҳутӣ, ки дар он бештар актёрони куҳансол фаъолият доранд, метавонист ин мушкилотро дар дохили театр ҳал намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.