Мушкилоти бозори фурӯши маҳсулоти саноати сабук дар Суғд

Корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд, ки ба коркарди  амиқи нахи пахта машғуланд, ба тавсеаи бозори фурӯши маҳсулоти худ имкон надоранд ва аз ин рӯ, бо иқтидори аз нисф камтар кор мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, айни замон дар минтақа 12 корхонаи истеҳсоли ришта, матоъ ва […]

Бахтиёр Валиев


Корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд, ки ба коркарди  амиқи нахи пахта машғуланд, ба тавсеаи бозори фурӯши маҳсулоти худ имкон надоранд ва аз ин рӯ, бо иқтидори аз нисф камтар кор мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, айни замон дар минтақа 12 корхонаи истеҳсоли ришта, матоъ ва маснӯоти дӯзандагӣ фаъолият доранд ва соли гузашта ин корхонаҳо дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2010 ба андозаи 27,4% зиёд карданд.

«Таҳлил нишон дод, ки ин корхонаҳо ба ҳисоби миёна танҳо аз 14,2%-и иқтидори умумиашон истифода бурдаанд. «Айни замон дар вилояти Суғд барои коркарди то 32 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол шароит фароҳам аст, вале ба истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ бозори фурӯши маҳсулот таъсигузор аст, аз ин рӯ, вазифаи асосии истеҳсолкунандагон тавсеаи бозори фурӯш дар хориҷи кишвар аст», – гуфт манбаъ.

Ба гунаи мисол манбаъ дар бораи нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҶДММ «Нику-Хуҷанд» маълумот пеш овард. «Соли ҷорӣ дар ин корхона 300 тонн нахи пахтаро коркард карданианд, ҳарчанд иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди то 3 ҳазор тонна пахта дар як сол баробар аст. Сабаб – мавҷуд набудани бозори фурӯш мебошад. Мушкилоти дигар болоравии қиммати пахта соли гузашта дар бозори ҷаҳонӣ буда, ба корхона харидани пахта бо нархи баланд ва сипас фурӯхтани ришта ба шарикони русиягиву туркӣ бо нархи пештара манфиатовар нест. Соли 2011 корхона ба маблағи 1 млн. 331 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки 36% аз ҳаҷми соли 2010-ро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.