Ҳукми ҳабси абад ба қотили корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва ҳамсари ӯ

Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва ҳамсари ӯ ба ҳабси абад маҳкум намуд. Мурофиаи судии ҳайати мушовараи судии сайёр оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд дар бинои суди шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Дар курсии айбдорӣ сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан Фахриддин Мирбобоев қарор дошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Мавлуда Рафиева


Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва ҳамсари ӯ ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Мурофиаи судии ҳайати мушовараи судии сайёр оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд дар бинои суди шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Дар курсии айбдорӣ сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан Фахриддин Мирбобоев қарор дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Ф.Мирбобоевро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз он бо бераҳмии махсус) ва 249, қ 4 (Роҳзанӣ бо  мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани  молу мулк) гунаҳкор шумурда ӯро ба ҳабси абад дар зиндони низоми махсус бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи августи соли гузашта корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Истаравшан Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд.

Шахсони номаълум шабона ба манзили зисти Шӯҳрат Ҷалолов ворид гардида, дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсарашро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ баромада буд, ба қатл расонида буданд. Онҳо 7 ҳазор доллари ИМА ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро бо худ бурда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.